Ноябр 10, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: миллати Эрон дар баробари фишори бегонагон якпорча истодааст

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба мардуми Эрон гуфт, миллати Эрон дар баробари фишори бегонагон якпорча истодааст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон имрӯз дар иҷтимои пуршури мардуми Язд бо баёни ин ки миллати Эрон барои фидокорӣ ба кишвар ва диёрашон омодатар аз ҳар замони дигар ҳастанд афзуд, Амрико ба хубӣ медонад, ки миллати бузурги Эрон дар баробари фишори онҳо истодагӣ ва муқовимат мекунад.

Руҳонӣ бо ишора ба омор ва арқоми иқтисодӣ, ки нишонгари беҳбуди вазъияти иқтисодии Эрон аст тасреҳ кард, бо вуҷуди ҳамаи фишор, содироти ғайри нафтии Эрон равнақ дорад ва шароити иқтисодии Эрон дар ҳар моҳ беҳтар аз моҳи пеш мешавад.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин аз кашфи як майдони нави нафтӣ дар Эрон бо захираи 53 миллиард бушка нафт хабар дод ва гуфт, дар шароите, ки душманон фуруши нафти Эронро бо ҳадафи фишор бар мардум таҳрим карданд, коргарон ва муҳандисини эронӣ тавонистанд 53 миллиард бушка нафтро дар як махзани бузург кашф кунанд.

 

Барчасп