Баргузории ҷашнвораи байналмиллалии фарҳанги ақвом дар Гургон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48403-Баргузории_ҷашнвораи_байналмиллалии_фарҳанги_ақвом_дар_Гургон
Сездаҳумин ҷашнвораи байналмилаллии фарҳанги ақвоми Эронзамин шомгоҳи ҷумъа дар Гургон,шимоли Эрон ба кор худ поён дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2019 06:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи байналмиллалии фарҳанги ақвом дар Гургон

Сездаҳумин ҷашнвораи байналмилаллии фарҳанги ақвоми Эронзамин шомгоҳи ҷумъа дар Гургон,шимоли Эрон ба кор худ поён дод.

Багузориши ИРНА, дар сездаҳумин Ҷашнвораи байналмиллалии Фарҳанги ақвоми Эрон, ки аз рӯзи сешанбе дар Гургон фаъолияти худро шуруъ карда буд,20 гурӯҳи мусиқии суннатӣ аз ҷумла ҳунармандони бархе кишварҳо монанди Ироқ ва Қазоқистон ба иҷрои осори ҳунарӣ пардохтанд.

Ҳунармандони эронӣ низ таи чор рӯз, барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ иҷро карданд.

Бахши дуввуми сездаҳумин ҷашнвораи байналмиллалии Фарҳанги ақвоми Эронзамин низ рӯзҳои 17 то 20 ноябр ба мизбонии Гунбади Коввус баргузор мешавад.