Ноябр 20, 2019 19:04 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ошӯбталабони созмонёфта, муҷрии барномаи душманони зидди Эрон буданд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба масоили пешомада пас аз иҷрои тарҳи мудирияти масрафи маводи сӯхт дар кишвар гуфт: Ошӯбталабони созмонёфта ва мусаллаҳ, муҷрии барномаи иртиҷои минтақа, саҳюнистҳо ва амрикоиҳо зидди Эрон буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо баёни ин, ки мардуми Эрон аз озмуни таърихии дигаре сарбаланд берун омаданд, афзуд: Онҳое, ки зарба ба низоми Ҷумҳурии исломиро тарроҳӣ карда буданд ва таи ду соли гузашта бо таҳримҳои ҷадид ва фишори ҳаддиаксарӣ мехостанд мардуми Эронро дар баробари низом қарор диҳанд, бо ҳушёрии мардуми Эрон бори дигар ноком монданд.

Рӯҳонӣ бо тамҷид аз мардуми Эрон ва баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ кард: Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёноти ҳакимонаи худ, комилан мардуми Эронро роҳнамоӣ ва воқеиятҳоро таъин карданд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин зимни ибрози ҳамдардӣ ба хонаводаҳое, ки азизонашон дар ҳаводиси ахир тавассути ошӯбгарон ба шаҳодат расиданд, бар бархӯрди қотеъ бо ихлолгарони амнияти миллӣ дар Эрон таъкид кард.

 

Барчасп