Ноябр 21, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти донишманди пуровозаи эронӣ

Раисиҷумҳури Эрон дар паёме даргузашти профессор Фазлуллоҳи Ризо, донишманди барҷастаи эронӣ дар ҳавзаи муҳандисии барқ ва риёзиётро таслият гуфт.

Профессор Фазлуллоҳи Ризо, донишманди пуровозаи эронӣ, риёзидон, шоир ва устоди ҳавзаи муҳандисии барқ буд, ки субҳи рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар 104 солагӣ ва дар Оттаваи Канада чашм аз ҷаҳон фурӯбаст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар паёме бо баёни ин ки профессор Ризо, беш аз ним қарн аз умри худро сарфи тадрис ва тарвиҷи илму доноӣ кард, афзуд, бетардид номи ин устод фарҳехтаи донишгоҳҳои Эрон ва ҷаҳон дар миёни бузургони илм ва дониши Эрон ҷовидона хоҳад монд.

Профессор Фазлуллоҳи Ризо, ки якуми январи 1915 дар шаҳр Рашт, шимоли Эрон, ба дунё омад, танҳо фориғуттаҳсили давраи аввали донишкадаи фаннии Донишгоҳи Теҳрон буд, ки пас аз гузарондани даврони коршиносӣ дар риштаи муҳандисии барқ, мадраки коршиносии аршадро аз Донишгоҳи Колумбия дар Амрико ва докторои худро дар риштаи муҳандисии барқ аз Донишгоҳи муассисаи технологии Ню-Йорк дарёфт кард.

Раёсати донишгоҳҳои Теҳрон ва Санъати Шариф ва сафири Эрон дар ЮНЕСКО, аз ҷумлаи савобиқи ин устоди донишгоҳ ва чеҳраи мондагори Эрон аст.

 

Барчасп