Рӯҳонӣ: Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48844-Рӯҳонӣ_Эрон_ба_муқовимат_ва_истодагӣ_дар_баробари_таҳримкунандагон_идома_медиҳад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки душман тайи ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт, Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2019 13:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки душман тайи ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт, Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бистушашумин ҳамоиши “Бима ва тавсеа” дар Теҳрон, бо ишора ба ин ки Арабистон ва режими Исроил авомили аслии нуфуз бар Амрико барои хуруҷ аз БарҶом ва ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон буданд таъкид кард, миллати Эрон барои истиқлол ва иззати кишварашон то пойи ҷон дар баробари душманон истодагӣ мекунанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон роҳи музокиротро масдуд накардааст афзуд, агар Амрико таҳримҳои ғалат, золимона, ғайриқонунӣ, нодуруст ва террористии худро бардорад, билофосила сарони панҷ ба иловаи як метавонанд мулоқот кунанд ва Эрон низ ҳеҷ мушкиле надорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ин ки коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии Эрон дар чорчӯби БарҶом аст, изҳор дошт, Эрон ноқизи БарҶом набудааст.

Рӯҳонӣ ба ошӯби иғтишошгарон дар Эрон низ ишора кард ва гуфт, ошӯбгарон дар эътирофоти худ эътироф карданд, ки ба сурати созмонёфта ва бо барномарезӣ дар ин ҳаводис ҳузур доштанд.