Дастури Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи ҳаводиси ахир: Бо раъфати исломӣ рафтор шавад
(last modified 2019-12-04T14:42:41+00:00 )
Декабр 04, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Дастури Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи ҳаводиси ахир: Бо раъфати исломӣ рафтор шавад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар посух ба гузориши ироашуда аз сӯи дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ки чанде қабл перомуни наҳваи мудирияти вазъияти ҷонбохтагон ва масдумини ҳаводиси ахир хидмати эшон тақдим шуд, бо пешниҳодҳои матраҳшуда мувофиқат карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар посух ба гузориши ироашуда аз сӯи Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид карданд: “.. Ҳарчӣ зудар анҷом шавад ва нисбат ба афроди машкук дар ҳар гурӯҳ бо ҷиҳате, ки ба раъфати исломӣ наздиктар аст, амал шавад”.

Гузориши ирсолӣ бар асоси дастуре, ки билофосила пас аз рухдодҳои ахир аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барои баррасии дақиқи решаҳо, авомил ва далоили бурузи нооромиҳо ва ҳамчунин расидагии фаврӣ ба вазъияти ҷонбохтагон ва хонаводаҳои онон иблоғ гардид, таҳия ва ироа шуд.

Дар ин гузориш пешниҳод шуд, ки бар асоси чорчӯбҳои қонунии мавҷуд, шаҳрвандони оддӣ, ки бидуни доштани ҳеҷ гуна нақше дар эътирозот ва иғтишошҳои ахир ва дар миёнаи даргириҳо ҷон бохтаанд, дар ҳукми “шаҳид” маҳсуб шуда ва хонаводаҳои онон таҳти пӯшиши бунёди шаҳид ва умури эсоргарон қарор бигиранд.

Ҳамчунин дар хусуси қурбониёне, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ба ҳар наҳве ҷони худро аз даст додаанд, мавзӯи пардохти дия ва дилҷӯӣ аз хонаводаҳои онон пешниҳод шуд.

Дар мавриди он даста аз қурбониёни ҳаводиси ахир низ, ки ба сурати мусаллаҳона ва дар даргирӣ бо нерӯҳои ҳофизи амният кушта шудаанд, муқаррар гардид, пас аз баррасии вазъият ва савобиқи хонаводаи онон, ҳисоби хонаводаҳои муваҷҷаҳ ва обрӯманд аз фарде, ки иқдом ба амали муҷримона намуда, ҷудо шавад ва хонаводаҳои онон мутаносибан мавридт таваҷҷуҳ ва дилҷӯӣ қарор бигиранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мавриди наҳваи мувоҷеҳа бо хонаводаҳои гурӯҳи севум низ, ки машкук ба шарорат будаанд, амр бар “раъфати исломӣ” ва таваҷҷуҳ ба хонаводаҳо намуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба дастур ва таъкидоти Раҳбари муаззами инқилоб аз чанде қабл кори расидагӣ ба парвандаҳои ташкилшуда барои ҷонбохтагон ва масдумини рухдодҳои ахир дар сатҳи устонҳо оғоз шудааст.