Декабр 11, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тавтеаҳои Амрико алайҳи мардуми минтақа бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, тавтеаҳои Амрико зидди Эрон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Афғонистон, Покистон, Яман ва дигар кишварҳои минтақа бо ҳузури мардум шикаст хоҳад хурд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт, кишварҳои минтақа бидуни тардид метавонанд дар баробари тавтеаҳои душманон истодагӣ кунанд, ки миллати Эрон низ дар ин замина ҳамвора пештоз аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки давлати Эрон ҳатто як лаҳза аз барҳам задани нақшаи душман ва таҳримҳо ғофил набудааст, гуфт, Эрон аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла тақвияти тавлиди дохилӣ ва музокира, тавтеаи душманонро дарҳам мешиканад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба пешрафти кишвар дар солҳои баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт, пешрафти Эрон дар заминаи зисти фанноварӣ ҳудуд як миллиард доллар бениёзӣ ва худкифоӣ ба ҳамроҳ доштааст ва тавониста аз воридоти дору ва соири таҷҳизот ҷилавгирӣ кунад.

 

Барчасп