Декабр 14, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон мақсаде идеал барои дармони ноборварӣ

Мудири як маркази фавқи тахассусии дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррар дар Теҳрон Эронро мақсаде матлуб ва муносиб барои гардишгарии дармонӣ ба вижа дармони ноборварӣ донист.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Алии Содиқитабор мудири як маркази фавқи тахассусии дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррари Ибни Сино  дар Теҳрон бо баёни ин ки дар даҳсолаҳои ахир Эрон дар заминаи дониши пизишкӣ ва парвариши мутахассисони моҳир пешрав будааст афзуд, ҳазинаи бисёр поини хадамоти дармони ноборварӣ дар канори тахассус ва табаҳҳури пизишкони эронӣ муҷиб шудааст, бисёре аз кишварҳои минтақа ба вижа кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба Эрон сафар кунанд.

Содиқитабор бо ишора ба поин будани ҳазинаҳои дармони ноборварӣ дар Эрон онро яке аз далелҳои иқболи гардишгарони саломат ба Эрон донист ва гуфт, ҳазинаи як курс дармони ноборварӣ дар Эрон ҳудуди 500 то 700 доллар аст, аммо дар кишварҳое монанди Ироқ ё Кипр байни 5 то 6 ҳазор доллар дар Аврупо ҳудуди 8 то 9 ҳазор евра ва дар Амрико байни 12 то 15 ҳазор доллар аст.

Мудири  Маркази фавқи тахассусии дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррари Ибни Сино ҳамчунин бо ишора ба ҷойгоҳи мумтози Эрон дар арсаи дармони ноборварӣ дар ҷаҳон афзуд, дониш, абзор, техникҳо, таҷҳизот ва доруҳои дармони ноборварӣ дар Эрон ҳамтарози беҳтарин марказҳои ҷаҳон аст ва нархи муваффақияти дармон низ ҳамонанд ва дар бархе маворид бештар аз кишварҳои тавсеаёфта аст.

Барчасп