Раиси ҷумҳури Эрон озими Куала-Лумпур шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49188-Раиси_ҷумҳури_Эрон_озими_Куала_Лумпур_шуд
Раиси ҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси байналмиллалии Куала-Лумпур 2019 озими Малайзия шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2019 10:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон озими Куала-Лумпур шуд

Раиси ҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси байналмиллалии Куала-Лумпур 2019 озими Малайзия шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон субҳи имрӯз ба даъвати Маҳатир Муҳаммад вазири Малайзия барои ширкат дар иҷлоси байналмиллалии  Куала-Лумпур 2019 дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ иқтисодӣ, Теҳронро ба мақсади Куала-Лумпур  пойтахти ин кишвар тарк кард. Иҷлоси сарони Куала-Лумпур 2019 бо ҳузури 400 нафар аз ҷумла 250 нафар аз раҳбарон, мақомот, шахсиятҳои сиёсӣ ва андешмандон аз 52 кишвари ҷаҳон, рӯзҳои 18 то 21 декабр дар пойтахти Малайзия баргузор мешавад. Ширкаткунандагон дар ин иҷлос қарор аст зимни баҳсу гуфтугӯ дар бораи муҳимтарин чолишҳои кишвраҳои исломӣ ва масоили таъсиргузор дар ҷаҳони ислом роҳкорҳоеро барои рафъи ин чолишҳо ироа диҳанд. Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон , Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия, Шайх Тамим бин Ҳамди Оли Сонӣ амири Қатар ва Имрон Хон нахуст вазири Покистон аз ҷумлаи раҳбарони ширкаткунанда дар иҷлоси Куала-Лумпур  ҳастанд. Ёфтани роҳи ҳалҳои нав ва коромад барои муҳимтарин мушкилоти ҷаҳони ислом ва кумак ба беҳбуди вазъияти умури мусулмонон ва миллали мусулмон дар ҷаҳон ва эҷоди шабакае дар байни раҳбарони исломӣ, равшанфикрон, андешмандон аз саросари ҷаҳон ва эҳёи тамаддуни исломӣ аз муҳимтарин ҳадафҳо ва барномаҳои ин иҷлос аст.