Рӯҳонӣ: Эрон таҳримро ба фурсат табдил кард
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи мардуми Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломӣ таҳрим ва фишори ҳаддиаксарии душманонро бо истодагӣ ва муқовимат ба фурсат табдил кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Куала-Лумпур ба Малайзия сафар кардааст, рӯзи чоршанбе дар дидор бо эрониёни муқими ин кишвар афзуд: Мардуми Эрон дар баробари таҳримҳои ноодилонаи Амрико, ки маводи ғизоӣ ва доруро низ дар бар гирифтааст муқовимат ва истодагӣ кардаанд.
Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки Амрико ва саҳюнистҳо бо эъмоли таҳрим ва фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон , ба дунболи зарба задан ба низоми Ҷумҳурии исломии Эрон буданд, тасреҳ кард: Тобоварии Эрон дар баробари фишори хориҷӣ аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дифоӣ бисёр бештар аз гузашта шудааст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки таҳрим як масири бохт-бохт аст ва наметавонад баландмуддат идома ёбад, изҳор кард: Ҳама медонанд, ки хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ба нафъи ҳеҷ кас, ҳатто Амрико ва дӯстонаш низ нест.