Декабр 19, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ бо соири кишварҳои мусалмон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки сарони кишварҳои исломӣ, бояд ба ҷойгоҳи шоиста ва сазовор барои уммати исломӣ биандешанд, гуфт, Эрон омодаи ҳамкорӣ бо соири кишварҳои мусалмон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар мизи гирди авлавиятҳои тавсеа ва чолишҳо дар иҷлоси Куала-Лумпур-2019 гуфт, натиҷаи ҷараёни такфирӣ чизе ҷуз густариши ҷаҳл, таасуб, куштор ва вайронии ҷомеаҳои исломӣ нест.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Ислом дар пайи бархӯрд ва ҷанги тамадунҳо нест, балкӣ тамадуни Ислом, тамадуни таҳамули дигарон, даъват аз дигарон ва ҳамзистӣ бо дигарон аст.

Рӯҳонӣ бо баёни инки нигаришҳои ифротӣ ва тафритӣ баҳои бисёр сангине бар ҷомеаҳои исломӣ таҳмил кардааст, тасреҳ кард, мутаассифона тақлиди комил аз улгӯҳои ғарбӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба суннатҳои миллӣ ва боварҳои динӣ, монеи пешрафт ва тавсеаи бархе ҷомеаҳои исломӣ шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои молӣ ва бонкӣ, фанновариҳои навин, тиҷорат, гардишгарӣ ва ҳавзаи фарҳангӣ ва иҷтимоиро аз заминаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамафзоии кишварҳои исломӣ баршумурд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати таъсиси«Маҷмаи тавсеаи исломӣ» барои эълои ҷомеаҳои мусалмон, тасреҳ кард, ин иқдом, ормонҳои муштараки ҳамаи мусалмонҳоро дунбол хоҳад кард ва ҳаргиз алайҳи масолеҳи ҳеч мусалмоне ё ҳеч ҷомеаи исломӣ ҳаракат нахоҳад кард.

Иҷлоси Куала-Лумпур 2019 субҳи имрӯз(панҷшанбе) бо ҳузури раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия, нахуствазири Малайзия ва амири Қатар ва садҳо тан аз шахсиятҳо ва нухбагони кишварҳои исломӣ дар Малайзия оғоз шуд.

 

Барчасп