Декабр 23, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии занон Эрон дар мусобиқоти куштии Қазоқистон

Тими миллии куштии занони Эрон бо касби як медали тилло, як медали нуқра ва як медали брунз ба қаҳрамонии Мусобиқоти ҷаҳонии куштии Қазоқистон даст ёфт.

Рақобатҳои ҷаҳонии куштии дзюдо, 21 то 23 декабр дар шаҳри Нур- Султони Қазоқистон баргузор шуд ва тими миллии Эрон бо 93 имтиёз қаҳрамонии ин рақобатро аз-они худ кард. Қирғизистон ва Қазоқистон низ ба тартиб бо 89 ва 69 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва сеюми ҷаҳон истоданд. Пеш аз ин ва дар соли 2015 низ тими миллии куштии олиши занони Эрон барои аввалинбор ба мақоми қаҳрамонии ҷаҳон даст ёфта буд.Фаъолиятҳои байналмилалии куштии дзюдо аз соли 1990 оғоз шуд. Ҳамакунун 39 кишвари ҷаҳон дорои федератсия ва анҷумани расмӣ ва 58 кишвари ҷаҳон ба сурати ғайрирасмӣ дар ин замина фаъолият доранд.

 

Барчасп