Даромади петрохимияи Эрон ба 17 миллиард доллар расид
(last modified 2019-12-30T09:35:34+00:00 )
Декабр 30, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Даромади петрохимияи Эрон ба 17 миллиард доллар расид

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба шикасти ҷанги ҳамаҷонибаи иқтисодии душманон алайҳи Эрон гуфт, даромади кунунии саноати петрохимияи Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ба 17 миллиард доллар расидааст.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе дар дидор бо фаолони саноати петрохимия дар Теҳрон бо баёни ин ки тавлиди маҳсулоти петрохимияи Эрон дар дусоли оянда ба 100 миллион тонна хоҳад расид тасреҳ кард, даромади саноати петрохимияи Эрон то соли 2021 ба 25 доллар хоҳад расид.

Руҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба боздиди худ аз намоишгоҳи дастовардҳои саноати петрохимияи Эрон гуфт, оморҳои ироашуда ва тавлиди саноати петрохимияи Эрон баъд аз соли 2021 аз 100 миллион тонна ба 130 миллион тонна хоҳад расид.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки тақрибан ҳамаи раҳбарони сиёсии ҷаҳон эътироф мекунанд, ки Амрико дар ру ба руӣ бо Эрон номуваффақ будааст афзуд, муваффақияти саноати петрохимияи Эрон дар шароити одӣ набуда, балки дар шароити таҳрим ва фишорҳои сангини иқтисодӣ ба даст омадааст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки даврони таҳрим ва фишор алайҳи миллати Эрон рӯзе поён хоҳад ёфт таъкид кард, бадхоҳон ва душманон мутаваҷҷеҳ  шудаанд, ки бо фишори ҳадиаксарӣ наметавонанд мардуми Эронро водор ба таслим кунанд.

Барчасп