Декабр 31, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисҷумҳури Эрон ба муносибати Соли Нави милодӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо табрики фаро расидани соли 2020-и милодӣ ба сарони кишварҳо ибрози умедворӣ кард, дар соли пеши рӯ раҳбарони ҷаҳон соли оканда аз оромиш ва меҳрварзиро барои ҳама инсонҳо фароҳам кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паём гуфтааст: “Умедворам, дар соли пеши рӯ раҳбарони ҷаҳон бо талошҳои муштарак ва ба дур аз якҷонбагароӣ, бо бакоргирии андешаву амали мубтанӣ бар адолату озодагӣ, соли оканда аз оромишу меҳрварзиро барои ҳама инсонҳо фароҳам кунанд ва бо ғалаба бар чолишҳои пеши рӯи башар зиндагии тавъам бо сулҳу амният ва рифоҳро барои миллатҳояшон ба армуғон оваранд.

Раисҷумҳури Эрон дар поёни ин паёми табрик соли саршор аз саодату шукуфоӣ барои мардуми ҷаҳон орзу кардааст.

 

Барчасп