Январ 01, 2020 14:46 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти бонуи бозигари эронӣ

Шаҳло Риёҳӣ, бозигари пешкисвати синамо ва телевизиони Эрон имрӯз дар синни 93-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Шаҳло Риёҳӣ, дар солҳои ахир ба далели беморӣ ва куҳулати син, аз дунёи синамо ва телевизион фосила гирифта буд.

Шаҳло Риёҳӣ дар феврали соли 1927 дар Теҳрон ба дунё омад ва дар 17-солагӣ бино ба хост ва роҳнамоии ҳамсараш, Исмоили Риёҳӣ, ки худ аз шефтагони театр буд, ба саҳнаи театри Теҳрон роҳ ёфт.