Интисоби сардор сартип Қоонӣ ба фармондеҳии нерӯи Қудси Сипоҳ бо ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво
(last modified 2020-01-03T13:59:33+00:00 )
Январ 03, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
  • Интисоби сардор сартип Қоонӣ ба фармондеҳии нерӯи Қудси Сипоҳ бо ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво бо судури ҳукме сардор сартип Исмоили Қоониро ба фармондеҳии нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мансуб карданд.

Дар ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво омадааст: “Дар пайи уруҷи шаҳиди олимақом, сардори пурифтихор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ризвонуллоҳи алайҳ, фармондеҳии нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба сардори сарафроз, сартип Исмоили Қоонӣ, ки дар шумори барҷастатарин фармондеҳони сипоҳ дар Дифои муқаддас буда ва дар тӯли солиёни гузашта дар нерӯи Қудс дар канори сардори шаҳид дар минтақа хидмат кардааст, месупорам”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, барномаи он нерӯ айнан ҳамон барномаи даврони фармондеҳии шаҳид Сулаймонӣ аст.

Фармондеҳи муаззами кулли қуво ҳамчунин аз ҳамаи ҳамкорони он нерӯ ҳузур ва ҳамкориро бо сардор Қоонӣ хостор шуданд ва тавфиқу таъйид ва ҳидояти илоҳиро барои эшон масъалат карданд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.