Таваққуфи тамоми маҳдудиятҳои амалиётии Эрон дар БАРҶОМ
(last modified Mon, 06 Jan 2020 06:49:29 GMT )
Январ 06, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи тамоми маҳдудиятҳои амалиётии Эрон дар БАРҶОМ

Давлати ҷумҳурии исломӣ якшанбешаб таи баёнияе гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳудоти Эрон дар БАРҶОМро эълом кард.

Ба гузориши ИРНО, давлати Эрон дар ин баёния эълом кард, Эрон дигар бо ҳеҷ маҳдудияте дар ҳавзаи амалиётӣ шомили ғанисозӣ, дарсади ғанисозӣ, мизони маводи ғанишуда ва таҳқиқ ва тавсеа ру ба ру нест.

Бар ин асос, Эрон дар гоми панҷуми коҳиши тааҳудоти худ охирин мавриди калидӣ аз маҳдудиятҳои амалиётии худ дар БАРҶОМ яъне маҳдудият дар теъдоди сантерфиюжҳоро канор мегузорад.

Давлати Эрон хотирнишон кард, аз ин пас барномаи ҳастаии Эрон сирфан бар асоси ниёзҳои фанни худ пеш хоҳад рафт.

Давлати Эрон дар ин баёния бо таъкид бар ин ки ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳамчунон мисли собиқ идома хоҳад ёфт тасреҳ кард, дар сурати рафъи таҳримҳо ва манфиатдор шудани Эрон аз манофеи БАРҶОМ ҷумҳурии исломӣ омодаи бозгашт ба тааҳудоти барҷомии худ мебошад.

Британия, Олмон ва Фаронса  баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ (8 майи 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъда дода шуда  барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон  8 -уми майи соли 2019 дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо бо судури баёнияе  эълом кард, бархе тааҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 -и ин тавофуқ муаллақ мекунад.

Эрон то пеш аз ин дар 4 гом аз тааҳудоти барҷомиаш коста буд.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳудоташ Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.