Январ 06, 2020 18:36 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби расонаии ҳузури миллионии мардуми Эрон дар видоъи шаҳидони муқовимат

Ҳузури миллионҳо нафар аз мардуми Эрон дар видоъ(ташеи ҷаноза)-и пайкарҳои шаҳиди сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳамразмони шаҳидаш дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густурдае доштааст.

Маросими бошукӯҳи видоъи пайкарҳои шаҳиди сипаҳбуд Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш, рӯзи душанбе бо ҳузури миллионии мардуми инқилобии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, бисёре аз шабакаҳои телевизионӣ ва хабаргузориҳои ҷаҳон ба сурати зинда ин маросимро пӯшиш доданд.

Хабаргузории Рейтерз дар гузорише навишт: “ҳазорон нафар аз мардуми Эрон имрӯз (душанбе) барои ҳузур дар маросими видоъи фармондеҳи нирӯи Қудс, ки дар ҳамлаи ҳавоии Амрико ба шаҳодат расид, ба хиёбонҳои Теҳрон омаданд ва духтари сипаҳбуд Сулаймонӣ дар ин маросим таъкид кард: “рӯзҳои сиёҳе” дар интизори Амрико аст.

Рейтерз афзуд, мизони ҷамъияти мардуми Теҳрон, ки дар телевизион намоиш дода мешуд, ҳамонанди анбӯҳи ҷамъияте аст, ки дар соли 1989 дар маросими видоъи оятуллоҳ имом Хумайнӣ(раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат карда буданд.

Хабарнигори шабакаи “France 24” дар гузориши худ бо ишора ба инки ҷамъияти анбӯҳе барои адои эҳтиром ба ин фармондеҳи эронӣ ва ҳамроҳони вай омадаанд, гуфт: “сардор Сулаймонӣ барои бисёре аз мардуми Эрон як қаҳрамон талаққӣ мешавад ва онҳо воқеан эшонро дӯст доштанд”.

Хабарнигори радиои байналмилалии Фаронса низ, ки ба маҳалли баргузории маросим рафтааст, дар гузориши худ аз Теҳрон гуфт, занони зиёде дар ин роҳпаймоӣ ҳузур доранд.

Шабакаи хабарии “CNN” дар гузоришҳое, ки аз маросими видоъи сардор Сулаймонӣ пахш кард, ба бахшҳое аз суханони Зайнаб Сулаймонӣ, духтари шаҳид Сулаймонӣ ишора кард ва сайти интернетии ин шабака, низ суханони оташини Зайнабро бо титри «духтари Сулаймонӣ: Шаҳодати падарам рӯзгори Амрикоро сиёҳ мекунад», ин матлабро ба унвони хабари аввали худ қарор дод.

“Ассошейтед Пресс”низ дар бозтоби маросими видоъ ва иқомаи намоз бар пайкари сардор Сулаймонӣ ва шаҳидони ҳамразмаш тавассути раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ба суханони духтари Қосим Сулаймонӣ ва таҳдиди ӯ алайҳи нирӯҳои низомии амрикоӣ дар минтақаи ғарби Осиё ишора кард.

Хабаргузории Спутник низ гузориш дод, ҳазороннафар барои фармондеҳи эронӣ дар Теҳрон сӯгворӣ карданд.

Телевизиони “Sky News”-и Италия низ бо пахши мустақими бахше аз ин маросими бошукӯҳ эълом кард, уқёнусе аз мардум дар Теҳрон барои видоъи пайкари сардор Сулаймонӣ ширкат кардаанд.

Шабакаи телевизионии “MSNBC”-и Амрико ба нақл аз коршиносон навишт: “террори сардор Сулаймонӣ шикасти роҳбурдии бузурги барои Амрико дар баробари Эрон аст”.

Шабакаҳои телевизионии Чин низ ин маросимро дар Теҳрон ба сурати зинда ва мустақим пӯшиш доданд.