Фармондеҳи кулли сипоҳи Эрон: интиқоми сахт, муҳкам ва қотеъ мегирем
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ҳарфи охирро аввал мезанам. Интиқоме сахт, қотеъ ва пушаймонкунанда мегирем.
Сардор Саломӣ имрӯз дар ойини видоъ бо пайкари шаҳид Сулаймонӣ ва Ҳусайни Пурҷаъфарӣ дар майдони Озодии Кирмон гуфт, ҳарфи охирро аввал мезанам. Интиқоме сахт, қотеъ ва пушаймонкунанда мегирем, мутмаинам.
Ба нақл аз Форс, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, имрӯз тулуи ду хуршеди руи замин аст, мо имрӯз омадем, то дар осмони ифтихороти ин сарзамини азиз ду хуршеди пурфуруғро, ки дигар ҳаргиз фуруғ нахоҳанд кард, биншонем.
Вай афзуд, мо дар набард бо Амрико шаҳидони азизеро тақдим кардем як фармондеҳи шуҷоъ, фидокор ва беназири сипоҳи ислом, ки таърихи башарият ҳамонанди ӯро камтар дида ва ё аслан надидааст. Сардори қалбҳо ва дилҳо сардори рашиди ҷаҳони ислом Эрон ва Кирмон ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва фармондеҳи рашид, раъно, ошуроӣ ва вилоии ироқӣ Абумаҳдӣ Алмуҳандис шаҳиди бузурги усваи ҳаё, наҷобат ва вафодорӣ, сартиб шаҳид Ҳусайни Пурҷаъфарии азиз, посдори қаҳрамон шаҳид Музафариниё посдорон шаҳиди диловарон Ҳодии Торимӣ ва посдори дигар шаҳидамон Замониниё аст.
Саломӣ афзуд, шаҳид ҳоҷ Қосим, зуҳд ва тақворо аз Абузар гирифта буд ва вафодориро аз ҳазрати Аббос гирифта буд ва саранҷом бо дастоне ҷудо ҳамонанди муродаш дар наздикии ҳарами ҳазрати Аббос вафодорӣ ба ислом ва вилоят ба Эронро исбот кард ӯ Майсами Аммор ва Ёсир буд ва ҷилвае аз зеботарин фазилатҳои олам дар вуҷуди як шахсияти мумтоз буд.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон афзуд, душман бояд ба ин нукта бияндешад шаҳид Қосими Сулаймонӣ аз Қосими Сулаймонӣ зиндатар аст, шаҳид Қосими Сулаймонӣ аз Қосими Сулаймонӣ хатарноктар аст, аммо сипаҳбуди бузурги мо фармондеҳи рашиди мо чи кардааст, ки душман ӯ ва ёронашро инчунин ноҷавонмардона ҳадафи ошкортарин террори олам қарор медиҳад, ӯ фаротар аз марзҳо, ӯ меъмори шикасти Амрико аст, ӯ меъмори шикастҳои ҷаҳор даҳ солаи пай дар пайи Амрико аз мусулмонони олам аст. Вай бо баёни ин ки Қосими Сулаймонӣ душманонро дар ҳамаҷо таъқиб кардааст, ӯ наҳзати Фаластинро эҳё кардааст ва режими саҳюнистиро дар борикае қарор додааст, гуфт, ӯ сиёсати Амрикоро барои аз байн бурдани ҳастаи Муқовимат дар Сурия бо шикасти бузург ру ба ру кардааст. Фармондеҳи кулли Сипоҳ хотирнишон кард, ӯ сиёсати Амрикоро дар ба ҳам задани оромиши мусулмонон бо шикаст ру ба ру кардааст, ӯ монеи сайтараи Амрико дар Ироқ шудааст, ӯ аз шикасти Яман дар баробари тавтеа пешгирӣ кардааст ӯ ин шахсият аст ӯ инҷо истодааст, Саломӣ гуфт, Қосим интиқоми худро аз қабл гирифтааст, аммо мо интиқоми ӯро хоҳем гирифт мегӯем ба душманон шумо ҳамеша иштибоҳ кардаед шумо ҳамеша барои мо фурсат сохтаед.
Саломӣ гуфт, амрикоиҳо хеле талош карданд миллати Эронро аз раҳбар ва инқилоб ҷудо кунанд ва фикр мекарданд мардум алайҳи низом амал мекунанд.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон унвон кард, аммо Амркио бубинад имрӯз мардум барои чи ба майдон омаданд дуруд бар шумо мардуми азиз, имрӯз базри кинаи Амрико дар қалби мусулмонон кошта шудааст ва мусулмонон ҳеҷ нуқтаи амне барои онҳо нагузоштаанд. Саломӣ гуфт, имрӯз як энержии нав ва ирода ва ангезаи нав, ки асли аввали мубориза бо Амрико аст шакл гирифтааст, имрӯз қалбҳо барои ҳамеша саршор аз нафрат алайҳи Амрико аст, боз ҳам мегӯем иродаи мо муҳкам аст интиқом мегирем агар ҳаракати пайгир анҷом диҳанд онҷоро, ки дӯст доранд ба оташ мекашем ва онҳо медонанд онҷо куҷост.