Январ 08, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Посухи қотеъи Эрон ба амалиёти ҷинояткоронаи нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар нахустин соатҳои бомдоди имрӯз ( чоршанбе ) дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва терорристии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар терори сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, пойгоҳи ҳавоии ишғолии артиши терорристӣ ва мутаҷовизи Амрико, мавсум ба Ъайнуласад, дар Ироқро бо даҳҳо мушак ҳадаф қарор дод.

Пойгоҳи Айнуласад, дуввумин пойгоҳи ҳавоии Ироқ баъд аз пойгоҳи ҳавоии Балад ба шумор меояд . Раиси ҷумҳурии Амрико чанд рӯз пеш дар бораи ин пойгоҳ гуфта буд,ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як пойгоҳи бисёр вижа ва боарзиш ва бо таҷҳизоти пешрафта дар Ироқ сохтааст,ки миллионҳо доллар ҳазина барои ин кишвар доштааст ва ба далели ин,ки ҳазинаҳои ҳангуфтеро дар ин пойгоҳ кардаем, лизо ҳаргиз ин пойгоҳро тарк нахоҳем кард магар ин,ки ироқиҳо ҳазинаи онро ба мо бидиҳанд.

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе ба Амрико ҳушдор дод,ки ҳар шарорати дубора ва ё таҳарук ва таҷовузи дигар бо посухҳои дардноктар ва кубандатаре мувоҷаҳ хоҳад шуд.

Дар ин баёния ба давлатҳои Муттаҳиди Амрико низ ,ки пойгоҳҳои худро дар ихтиёри артиши терорристии ин кишвар қарор додаанд ихтор додашудааст ҳар  сарзамине, ба ҳар тартиб мабдаи иқдомоти хасмона ва таҷовузкорона алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин дар ин баёния бо ишора ба ин,ки ба ҳеҷ ваҷҳ режими Саҳюнистиро дар ин ҷиноятҳо ҷудо аз режими ҷинояткори Амрико намедонад ба мардуми Амрико тавсия кард, барои пешгирӣ аз хасоратҳои бештар, низомиёни амрикоиро аз минтақа фарохонда ва иҷоза надиҳанд бо нафратафзоии рӯзафзуни режими зиди мардумии ҳоким бар Иёлоти Муттаҳида ҷони низомиёни он кишвар беш аз ин ба хатар афтанд.

Таъкиди Эрон бар интиқоми сахт ва посухи муҳкам ба иқдоми терарристии Амрико, ҳақӣ машруъ ва дар айни ҳол дар ростои зарурати таъмини амнияти минтақа аст.

Сардор сарлашкар, Ҳусейн Саломӣ фармондеҳи кули Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар маросими намози ҷанозаи пайкари шаҳид сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ дар Кирмон бо ишора ба ин хостаи миллати Эрон таъкид карда буд,ки Ҷумҳурии исломии Эрон, интиқоми сахт, муҳкам пушаймонкунанда ва қотеъ аз омилони  шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ хоҳад гирифт.

Амният хости муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа аст; аммо ончи дар ин солҳо дар минтақа шоҳид будаем ноамнии тавлидшуда аз суи Амрико ва режимҳои фосид ва шарур дар минтақа будааст. Ҳузури Амрико дар минтақа баистиноди шавоҳид ва далелҳои устуворкунандаи амният  ва оромиш дар минтақа аст. Агар ба ҷиноятҳои Доналд Трамп посух дода нашавад, вай як таҳдиди доимӣ барои ҳамагон дар  ҳамаи ҷаҳон хоҳад буд. Солҳо ҳузури Амрико  дар Афғонистон ва Ироқ дастоварде  ҷуз нафрат  ва рушди кина ва тафриқа барҳамзадани робитаҳо миёни кишварҳои минтақа надоштааст. Чунин рафторҳое қатъан пурҳазина аст ва Трамп бояд оқибатҳои иқдомҳои терорристии худро бипазирад.

 Амният дар минтақа ниёзи муштарак аст ва наметавонад барои яке амният бошад ва барои дигарон номанӣ эҷод шавад. Эрон наметавонад дар муқобили ҷиноятҳои терорристӣ ; таҳдидҳои пай дар пай ва ҳанҷоршиканиҳои Амрико сукут кунад. Барҳамин асос ҷумҳурии исломии Эрон бо ирсоли номае барои Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид ва Шӯрои амнияти ин Созмон эълом кард ; Дар паи ҷанг нестем ва дар бораи ҳаргуна моҷароҷӯии низомӣ алайҳи худ ҳушдор медиҳем.