Ҳузури 25 миллионнафарии мардуми Эрон дар маросими видоъи шаҳид Сулаймонӣ
Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, дар маросими видоъи пайкари сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар шаҳрҳои Аҳвоз, Машҳад, Теҳрон, Қум ва Кирмон 25 миллион нафар ҳузур доштанд.
Сардори сартип Рамазон Шариф, сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар ҳошияи маросими бузургдошти сардори сипаҳбуд шаҳиди Қосими Сулаймонӣ дар Теҳрон афзуд, ин ҳузур паёми бисёр равшане барои Амрико дорад, ки мардуми Эрон якпорча хостори муқобила бо амрикоиҳо ҳастанд ва аз Сипоҳи посдорон мехоҳанд, Амрикоро дар ҳамаи арсаҳо ва саҳнаҳо шикаст диҳад.
Шариф бо баёни ин ки оянда минтақаи ғарби Осиё ба зудӣ шоҳиди хуруҷи амрикоиҳо ва истиқлоли миллатҳо ва кишварҳои бузурги ин минтақа хоҳад буд, таъкид кард, интиҳои ин масир нобудии режими саҳюнистӣ ва ҳокимияти мардуми Фаластин хоҳад буд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нурӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки севуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.