Рӯҳонӣ: Давлати Эрон ба ҳамаи вазоифаш дар сониҳаи суқути ҳавопаймо амал мекунад
(last modified Tue, 14 Jan 2020 13:35:32 GMT )
Январ 14, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Давлати Эрон ба ҳамаи вазоифаш дар сониҳаи суқути ҳавопаймо амал мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои ҷонбохтагони сониҳаи суқути ҳавопаймои украинӣ дар ҳаволии Теҳрон таъкид кард, давлати Эрон ба ҳамаи вазоифи ҳуқуқӣ ва қонунии худ дар ин замина амал хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе бо баёни ин ки решаи ҳамаи иттифоқоти ахир ба иқдомоти мухарриби Амрико дар минтақа бармегардад, афзуд, давлати Эрон худро дар қиболи ҳамаи ҷонбохтагони ин ҳодиса, ба хусус атбои кишварҳои дигар масъул медонад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки тамоми ҷавониби ин ҳодиса дар ҳоли баррасӣ аст, гуфт, тамоми натоиҷи ин баррасиҳо ба иттилои мардум хоҳад расид.

Як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина субҳи чаҳоршанбеи гузашта (8 январ), наздики фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон суқут кард ва тамомии 176 сарнишинони ин парвоз ҷон бохтанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар пайи ин ҳодиса дар иттилоияе бо ишора ба таҳдидҳои раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳони низомии Амрико мабнӣ бар ҳамла ба аҳдофе дар хоки Эрон ва афзоиши парвозҳои ҷангии террористҳои амрикоӣ перомуни Эрон эълом кард, бурузи хатои инсонии ғайриамд ба далели чархиши ҳавопаймо ва наздик шудан ба як маркази ҳассоси низомӣ, омили ҳадаф қарор гирифтан ва суқути ҳавопаймои украинӣ буд.