Интиқоди Русия аз иқдоми якҷонибаи аврупоиҳо дар бораи БАРҶОМ
Бар хилофи ваъдаҳои Иттиҳодияи Аврупо ва се кишвари аврупоии шомили Олмон, Фаронса, ва Британия ( Триуко ) дар амал ба таъаҳудҳои худ дар чорчуби БАРҶОМ, акнун Триуко ба баҳонаи иҷро нашудани таъаҳудҳои БАРҶОМӢ аз ҷониби Эрон ,гоми муҳимеро дар ростои аз байн бурдани ин тавофуқи байналмиллалӣ анҷом додааст.
Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе дар вокуниш ба тасмими се кишвари аврупоӣ барои ба ҷараён андохтани созукори Ҳали ихтилоф дар БАРҶОМ, хостаи ин кишварҳо аз ташдиди танишҳо пешгири кунанд ва тасмими худ барои фаол кардани ин созукорро канор бигзоранд. Дар ин баёния омадааст ; мо қавиян тардид дар ояндаи тавофуқи ҳастаӣ мешавадро канор бигзоранд. БАРҶОМ бо вуҷуди тамоми чолишҳое,ки бо он рӯ ба рӯ шуда, коромадии худашро аз даст надодааст.
Олмон, Фаронса, ва Британия рӯзи сешанбе 14 январ бо интишори баёнияе дар Бруксел, созукори Ҳали Ихтилоф дар БАРҶОМро фаол карданд. Ин се кишвар дар баёнияи худ мудаъӣ шудаанд ҳадафи онҳо аз аз калидзадани созукори Ҳали Ихтилоф, эҳёи таҳримҳо алайҳи Эрон нест ва дар паи роҳе барои наҷоти тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ҳастанд. Онҳо иддао мекунанд ҳадафи ин тасмим ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ аз тариқи баҳс ва гуфтугу бо Эрон барои бозгашт ба таъаҳудоташ зели БАРҶОМ ва на эъмоли дубораи таҳримҳои Созмони Милалли Муттаҳид аст.
Созукори Ҳали Ихтилоф дар БАРҶОМ дар бандҳои 36 ва 37 и ин тавофуқи ҳастаӣ ташриҳ шудааст. Фаолсозии ин созукор метавонад таи раванди чандмоҳа бо гузашти таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эрон мунҷар шавад. Тибқи ин ду банд, дар сурате,ки яке аз тарафҳои гурӯҳи 4+ 1 ,ки амалан аъзои аврупоии ин гурӯҳ ҳастанд, Эронро ба пойбанд набудан ба тавофуқи ҳастаӣ мутаҳам кунанд ва тасмим бигиранд масаларо ба Камисиюни муштараки БАРҶОМ ирҷоъ диҳанд, Эрон 30 рӯз фурсат хоҳад дошт ризояти тарафи муқобил яъне Триукои аврупоиро ба ҷалб кунад.
Дар сурате,ки ризояти онҳо ҷалб нашавад,парванда зарфи 30 рӯз баъд аз дарёфти ин шикоят бояд дар бораи бозгашти таҳримҳои Эрон райгирӣ кунад. Агар зарфи ин муддат тасмиме гирифта нашавад, таҳримҳои пешини Созмони Милалли Муттаҳид ба сурати худкор боз хоҳад гашт. Муҳаммад ҷавод Зариф вазири хориҷаи Эрон истифода аз созукори Ҳалуфасли Ихтилофҳо дар БАРҶОМро аз назари ҳуқуқӣ бемабно ва аз назари сиёсӣ иштибоҳи роҳбурдӣ хонд.
Аз дидгоҳи Русия ин иқдоми аврупоиҳо,ки худ дар воқеъ муқасири аслии ба вуҷуд омадани вазъияти кунунӣ ҳастанд на фақат кумаке ба рафъи буҳрон намекунад балки муҷиби ташдиди буҳрони кунунӣ хоҳад шуд. Дидгоҳҳои Маскав дар бораи БАРҶОМ то ҳадди зиёде ба Эрон наздик аст. Ба гуфтаи Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия, бояд тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳифз шавад ва Русия ва Олмон хостори побарҷо мондани БАРҶОМ буда ва кишварҳои аврупоӣ бояд аз Эрон ҳимоят кунанд. Аврупоиҳо коҳиши таъаҳудоти БАРҶОМИИ Эрон дар қолаби гомҳои панҷгонаро маҳкум карда ва хоҳони худдории Эрон аз идомаи ин раванд ва бозгашт ба вазияти пешин шудаанд. Ин дар ҳоле аст,ки Эрон дар чорчуби манофеи миллии худ иҷроии БАРҶОМро пазируфта ва замоне,ки ба далели хуруҷи яке аз азои он яъне Амрико ва эъмоли дубораи таҳримҳо,таҳти фишор қарор гирифта интизор дорад,ки аъзои гурӯҳи 4+ 1 ба вижа аврупоиҳо таъаҳудоти худ зели БАРҶОМро ба анҷом расонанд.