Ибдоъ ва ихтирои равиши нав дар Эрон барои коҳиши фишори хун
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50303-Ибдоъ_ва_ихтирои_равиши_нав_дар_Эрон_барои_коҳиши_фишори_хун
Таҳқиқоти нав дар Эрон нишон дод, ки бӯи гули муҳаммадӣ (садбарги сурх) ба коҳиши фишори хун кумак мекунад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Январ 25, 2020 16:03 Asia/Dushanbe
  • Ибдоъ ва ихтирои равиши нав дар Эрон барои коҳиши фишори хун

Таҳқиқоти нав дар Эрон нишон дод, ки бӯи гули муҳаммадӣ (садбарги сурх) ба коҳиши фишори хун кумак мекунад.

Ба нақл аз ИСНО, пажуҳишгарони Донишгоҳи улум пизишкии шаҳри Рафсанҷон дар мутолеае илмӣ-пажуҳишӣ рӯи 62 нафар аз беморони дорои пурфишории хун дарёфтанд, ки истифода аз бӯи гули садбарг метавонанд ба унвони як дармони мукаммали олӣ дар шахсони дорои пурфишории хун истифода шавад.

Дар ин пажуҳиши илмӣ, беморон дар муддати ду ҳафта, ду бор дар рӯз ва ба муддати ду дақиқа ба василаи бӯ кардани се қатра аз исонси гули садбарг рӯи пахта таҳти ройиҳадармонӣ қарор гирифтанд.

Ин ёфтаҳо дар фаслномаи гиёҳони доруии вобаста ба пажуҳишкардаи гиёҳони доруии Ҷаҳоддонишгоҳии Эрон мунташир шудаанд.

Пурфишории хунд аввалин омили марг дар ҷаҳон аст ва яке аз муҳимтарин бемориҳои тӯлонимуддат ва домангир дар кишварҳои тавсеаёфта ва дар ҳоли тавсеа аст, ки мардум барои рафъи он аз ҳар намуд доруҳои химиёӣ истифода мекунанд.