Зариф: руъёи Трамп барои гуфтугӯи дуҷониба, хаёли беҳудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50346-Зариф_руъёи_Трамп_барои_гуфтугӯи_дуҷониба_хаёли_беҳудааст
Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб дар пайёме твиттерӣ хатоб ба Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико тасреҳ кард, талоши Вашингтон барои гуфтугӯи дуҷониба бо Теҳрон хаёли беҳудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 27, 2020 07:13 Asia/Dushanbe
  • Зариф: руъёи Трамп барои гуфтугӯи дуҷониба, хаёли беҳудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб дар пайёме твиттерӣ хатоб ба Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико тасреҳ кард, талоши Вашингтон барои гуфтугӯи дуҷониба бо Теҳрон хаёли беҳудааст.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин пайём таъкид кард, танҳо масири мумкин барои музокираҳо танҳо дар чорчуби гуруҳи 5+1 ва ба шарти бозгашт ба вазъияти пеш аз соли 2017 хоҳад буд.

Пайёми Зариф пас аз он мунташир шуд, ки Трамп дар твитте муддаӣ шуд, ки Эрон барои гуфтугӯ бо Амркио омодааст ба шарти ин ки Вашингтон таҳримҳоро бекор кунад.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи твитти музҳики худ навишта буд, ки Вашингтон ҳозир ба пазириши ин шарт нест.

Мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар дар моҳҳои ахир борҳо муддаӣ шудаанд ба дунболи музокира бо Эрон ҳастанд.

Трамп ва мақомоти баландпояи давлати ӯ дар ҳоле мудом дам аз музокира бо Эрон мезананд, ки Вашингтон соли 2018 ба сурати ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ, ки чандин сол барои амалисозии он музокира шуда буд, хориҷ шуд ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.