Руҳонӣ: Эрон сиёсати зиллат ва таслимро намепазирад
Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки роҳе ҷуз истиқомат ва истодагӣ дар баробари мутаҷовизон вуҷуд надорад гуфт, Эрон сиёсати таниш ва тақобулро қабул надорад, аммо сиёсати зиллат ва таслимро намепазирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ, бо ишора ба таҳримҳои бесобиқаи душманон зидди мардуми Эрон афзуд, миллати Эрон бовар дорад, ки низоми исломӣ дар масири саҳеҳ ва дуруст қарор дорад ва зулму таҷовуз аз сӯи душманон аст.
Руҳонӣ афзуд, душман на танҳо ба миллати Эрон зулм карда ва мекунад балки ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва ба вижа бар миллати мазлуми Фаластин низ зулм мекунад.
Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки Муомилаи қарн нанги бузурге барои Амрико дар таърих аст таъкид кард, ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон мухолифи ин тарҳи нангин ҳастанд.
Раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати Эрон дар остонаи чиҳилу якумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) бо ормонҳои бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ ва шаҳидон таҷдиди мисоқ карданд.
41 сол пеш дар дувоздаи баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979), ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз чаҳорда сол дӯрӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.
Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукуҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.