Феврал 03, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вориди Теҳрон шуд

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо барои дидор ва ройзанӣ бо мақомоти Эрон субҳи имрӯз (душанбе) вориди Теҳрон шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон меҳвари гуфтугӯҳои Ҷозеф Борелл масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Теҳронро баррасии таҳаввулоти барҷомӣ, равобити Эрон ва Аврупо ва масоили минтақаӣ унвон кард.

Мусавӣ афзуд, Ҷозеф Борелл қарор аст дар ин сафар бо раиси ҷумҳурӣ, вазири умури хориҷа ва раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ҷозеф Борелл депломати баландпояи спанияӣ, ки раёсати парлумони Аврупо дар солҳои 2004 то 2007 ва собиқаи Вазорати умури хориҷаи Спанияро дар корнома дорад, тобистони имсол ҷонишини Федерика Могеринӣ масъули пешини сиёсати хориҷии сиёсати  хориҷии Иттиҳодияи Аврупо шуд ва аз ибтидои ноябри 2019 фаолияти худро дар ин симат оғоз кард.

Барчасп