Феврал 05, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Зариф дар тамос бо Аббос: Аз ҳаққи Фаластин ҳимоят мекунем

Вазири хориҷаи Эрон сешанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бар ҳимояти Эрон аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар таъини сарнавишти худ ва ташкили давлати Фаластин ба пойтахтии Қудс таъкид кард.

Ба нақл аз Алолам, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин тамоси телефонӣ тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" -ро низ маҳкум карду гуфт:

Эрон талош мекунад бо сиёсатҳои худ дар оянда, монеъ аз таҳаққуқи ин гуна тавтеаҳо алайҳи мардуми Фаластин шавад.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бар ҳимояти Теҳрон аз талошҳои мавҷуд барои таҳаққуқи оштии миллӣ миёни фаластиниҳо таъкид кард.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун борҳо таъкид кардаанд, Эрон дар канори миллати Фаластин ва муқовимати қаҳрамон дар борикаи Ғазза истодааст ва хоҳад истод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сешанбеи гузашта ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед аз тарҳи "Муомилаи қарн" рӯнамоӣ кард.

 

 

Барчасп