Феврал 09, 2020 22:07 Asia/Dushanbe
  • Мушаки

Мушаки "Раъд - 500" бо мотори композитии "Зуҳайр" ва насли ҷадиди пешронҳои мушакӣ ва моҳворабарҳо, бо ҳузури фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши Сипоҳ Нюз, оини боздид аз хатти тавлид ва рӯнамоӣ аз мушаки "Раъд - 500" бо мотори композитии "Зуҳайр" ва мотори композитии фазоии "Салмон" бо нозили мутаҳаррик ба унвони насли ҷадиди пешронҳои мушакӣ ва моҳворабарҳо, рӯзи якшанбе бо ҳузури сарлашкар Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳикулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазоии Сипоҳ баргузор шуд.

Бо намоиши мушаки чобуки "Раъд -500", аз насли ҷадиди пешронҳо бо баданаи ғайрифӯлодӣ ва композит рӯнамоӣ шуд.

Истифода аз фанноварии баданаҳои алёфи карбон қобилияти таҳаммули 100 бор фишор ва дамои 3000 дараҷа сантиград ва дастёбӣ ба мушакҳои бисёр сабукро фароҳам мекунад.

Мушаки "Раъд -500" аз мушакҳои насли ҷадид аст, ки дар муқоиса бо мушаки "Фотеҳ - 110" бо баданаи фӯлодӣ, бо як дуввуми вазн, аммо 200 километр аз афзоиши бурд бархӯрдор аст.

 

Барчасп