Сентябр 29, 2016 19:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои 11 санади ҳамкорӣ байни Эрону Русия

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар заминаи беҳдошту дармон 11 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, асноди ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии саноати дору ва дармони Эрону Русия дар ҳузури Сайидҳасан Қозизодаи Ҳошимӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва Сергей Пасиб, муовини вазири саноат ва бозаргонии Русия дар Маскав имзо шуд.

Таҳқиқу пажӯҳиш, сабти русии доруҳои сохти Эрон, тавлиди муштарак ва пешниҳоди доруи эронӣ дар Русия, тавлиди ваксина, бозорёбӣ барои содирот ба кишварҳои дигар ва мубодилаи таҷҳизоту фанноварии пешрафтаи муртабит ба саноати пизишкӣ аз меҳварҳои санадҳои имзошуда байни бахшҳои хусусии Эрону Русия аст. Бар асоси ин тавофуқ, равобити Эрону Русия дар ҳавзаи тандурустӣ ва табобат низ густариш меёбад.

Ҳайате аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар чорчӯби роҳандозии хати тавлиди доруи эронӣ ва ҳамчунин музокира бо мақомҳои русӣ бо ҳадафи густариши равобит ба Русия сафар кардааст.