Ранги ҳамдилии Бурҷи Озодии Теҳрон бо чиниҳои гирифтори коронавирус
(last modified Wed, 19 Feb 2020 08:50:28 GMT )
Феврал 19, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ранги ҳамдилии Бурҷи Озодии Теҳрон бо чиниҳои гирифтори коронавирус

Шаҳрдории Теҳрон шомгоҳи гузашта (сешанбе) бо намоиши тасовире бар Бурҷи Озодӣ, паёми ҳамдардии миллати Эрон бо мардуми Чинро дар мубориза бо чолиши коронавирус ба ҷаҳон мухобира кард.

Ба нақл аз ИРНА, Ғуломҳусейн Муҳаммадӣ, раиси Маркази иртиботот ва умури байналмилали шаҳрдории Теҳрон дар саҳифаи корбарии худ дар Twitter ибрози умедворӣ кард: Мардуми Чин бо ҳамбастагии худ ва ҳамроҳии мардуми ҷаҳон, бо сулҳу саломат аз ин бӯҳрон убур кунанд.

Чанг Хуа, сафири Чин дар Теҳрон низ зимни бознашри видеои намоиши тасвири парчами Чин рӯи Бурҷи Озодӣ, дар твите аз шаҳрдории Теҳрон ва мардуми Эрон қадрдонӣ кард.

Пештар Муҳаммадҷаводи Зариф,  вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин, аз масъулиятпазирӣ ва талоши давлати ин кишвар барои назорати бӯҳрон ва ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус тамҷид карда буд.

 

Барчасп