Феврал 25, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои таҳримкунандаи дору салоҳияти узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башарро надоранд

Алӣ Боқирии Канӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон дар чиҳилусевумин иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, кишварҳои таҳримкунандаи дору салоҳияти узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башарро надоранд.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон бо ёдоварии нақзи систематики ҳуқуқи башар ва иқдомоти якҷонибаи Амрико зидди миллати Эрон афзуд, ин иқдомот на танҳо танбеҳи ҷамъии як миллат, балки шевае модерн аз нақзи ҳуқуқи башар аст.

Алӣ Боқирии Канӣ ҳамчунин дар дидори Игназио Касиз, вазири хориҷаи Швейтсария дар ҳошияи иҷлоси Женева, бо ишора ба лузуми ироаи имконоти пизишкӣ ба беморон гуфт, дастрасии афроди ниёзманд ба дору ҳаққи ҳама аст ва ҷилавгирӣ аз он ҳатто дар даврони ҷанг низ набояд бидуни муҷозот боқӣ бимонад.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо нишон додани тасовири кӯдакони мубтало ба бемории парвонаӣ ба тарафи швейтсарияӣ, бо интиқод аз сиёсати зиддиинсонии таҳрими доруии бархе аз кишварҳо гуфт, таҳримкунандагони дору фақат ноқизи ҳуқуқи башар нестанд, балки қотили худи башаранд.

Истифода аз ғизо ва дору ба унвони аслиҳа алайҳи ғайринизомиён фақат як ном дорад ва он ҷиноят алайҳи башарият аст. Дар воқеъ бузургтарин душманони ҳуқуқ башар ва демократия касоне ҳастанд, ки аз он ба унвони абзори сиёсати хориҷии худ алайҳи миллатҳо ва давлатҳои қонунии кишварҳо истифода мекунанд ва Амрико як мисдоқи айнӣ дар ин замина аст.

Ризо Фараҳманд, мударриси донишгоҳ бо ишора ба усули ҳуқуқи башарӣ мегӯяд: “Таҳримҳои Амрико сабаб шудааст то шаҳрвандон дар дастёбӣ ба ҳуқуқи асоси худ бо мушкил мувоҷеҳ шаванд. Эҷоди мавонеъ бар сари роҳи ба даст овардани ҳаққи шаҳрвандони эронӣ нақзи фоҳиши усули асосии ҳуқуқи башар аст, ки ҷанбаҳои мухталифи зиндагии афроди ҷомеаро дар бар мегирад”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳар фурсате ба баёни воқеиятҳо дар ин замина пардохта ва дар бораи авоқиби рафтори зиддибашарии Амрико ҳушдор додааст.

Ҳамон гуна, ки дабири Ситоди ҳуқуқи башар Қувваи қазоияи Эрон дар нишасти Женева хотирнишон кард, мутаассифона, ҳуқуқи башар тавассути бозигарони байналмилалии хос қурбони сиёсатҳои байналмилалӣ шудааст, ки ба иртиқои ҳуқуқи башар ҳеҷ кумаке накарда ва иҷрои қонунҳои ҳуқуқи башари байналмилал дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро тазъиф кардааст.

Козими Ҷалолӣ, раиси Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҳамин хусус дар дидори охири худ бо Угочи Даниелс, ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон хотирнишон кард, таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон дар заминаи ғизо, дору ва санъати ҳавоӣ ниёзманди иттихози рӯйкардҳои ҷиддитаре аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид аст. Имрӯз ҳам, ки ҷаҳон бо падидаи тозае аз як бемории сироятӣ ба номи вируси “корона” мувоҷеҳ шуда ва дар Эрон низ мавориде аз ин беморӣ шиносоӣ шудааст, масъулони умури беҳдошт ва дармони кишвар бо ҳамоҳангии дигар ниҳодҳо ҳамаи талоши худро бо вуҷуди таҳримҳои Амрико барои маҳор ва ҷилавгирӣ аз сирояти ин вирус дар минтақа ба кор бастаанд ва қатъан дар ин замина бар мушкилот ғалаба хоҳанд кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон мутааҳҳид ба ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба ҳамаи шаҳрвандонаш аст. Эрон ҳамчунин омодаи интиқоли таҷоруби худ дар ҳавзаи беҳдошт ва дармон ба дигар кишварҳо аст.

Тедрос Адҳаном, дабири кулли Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро дар заминаи беҳдоштӣ дар минтақаи Медитаронаи шарқӣ пешгом дониста ва гуфтааст, Эрон бо иртиқои хадамоти беҳдоштӣ, маргу мири кӯдакон, занон ва бемориҳои вогирро контрол кардааст.

Агарчӣ Эрон дар заминаи беҳдошт, дармон ва дору аз дониш ва тавонмандиҳои қобили арза дар сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор аст, аммо ин ба маънои он нест, ки дар муқобили рафтори зиддибашарии Амрико сукут ихтиёр кунад.

Саид Намакӣ, вазири беҳдошти Эрон дар шастушашумин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Медитаронаи шарқии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Теҳрон гуфт, Созмон Ҷаҳонии Беҳдошт бояд монеи осеб, таҳдид ва беадолатии саломати ҳар инсоне тавассути ҷангафрӯзон ва фирқагароён шавад.