Март 02, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Сиёманди Раҳмон мояи ғурури миллати Эрон дар ҷаҳон буд

Раисиҷумҳурии Эрон дар паёме бо таслияти даргузашти Сиёманди Раҳмон, қаҳрамони параолемпикии Эрон, ин варзишкори эрониро муҷиби ғурури як миллат дар саросари ҷаҳон ва паҳлавоне донист, ки иродаи пулодин ва имони мухлисонааш илҳомбахши наслҳои ояндаи мардуми қаҳрамонпарвари Эрон хоҳад буд.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ дар паёми худ овардааст, даргузашти ногаҳонӣ ва таассуфбори вазнабардори пурифтихори Эрон, марҳум Сиёманди Раҳмон муҷиби таассур ва андуҳи фаровон шуд.

Дар паёми раисиҷумҳури Эрон омадааст, ин паҳлавони миллӣ ва варзишкори лойиқ ва боахлоқ, ки рекорди ҷовдонаи паравазнабардории ҷаҳон ва чандин давраи қаҳрамонии параолемпик ва параосиёиро дар корномаи дурахшон ва таҳсинбарангези худ дорад ва бо рекордҳои муқтадиронаи худ дар майдонҳои варзишӣ, борҳо муҷиби ғурури як миллат ва ба эҳтизоз даромадани парчами муқаддаси Эрон ва танинафкандани суруди ҷумҳурии исломӣ дар саросари ҷаҳон шуд, ҳамвора дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд ва иродаи пулодин ва имони мухлисонааш илҳомбахши наслҳои ояндаи мардуми қаҳрамонпарвари Эрон хоҳад буд.

Руҳонӣ бо таслияти ин ҳодиса, аз даргоҳи Худованди бузург барои ин паҳлавони эронӣ раҳмат ва мағфирати илоҳиро хостор шудааст.

 

Барчасп