Қадрдонии раисиҷумҳури Покистон аз мавозеи раҳбари муаззами инқилоб аз мусалмонони Ҳинд
Раисиҷумҳури Покистон аз мавозеи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳимоят аз мусалмонони Ҳинд қадрдонӣ кард.
Ориф Алавӣ рӯзи панҷшанбе дар паёме дар “Твиттер”, зимни ташаккур аз мавозеи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар қиболи мусалмонон Ҳинд гуфт, Покистон ҳам мӯътақид аст, ки бояд мавзеи воҳиде дар мавриди ҷиноёти давлати Ҳинд зидди мусалмонони ин кишвар иттихоз шавад.
Раисиҷумҳури Покистон бо ишора ба таърихи ифротгароии нозиҳо, ва ифротгарӣ дар Миёнмор гуфт, мумкин аст, вазъи кунунӣ ба қатли оми мусалмонон дар Ҳинд мунҷар шавад аз ин рӯ нагузорем ҷаҳониён шабоҳатҳои ошкорро нодида бигиранд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, зимни маҳкум кардани куштори мусалмонони мазлуми Ҳинд таъкид карданд, давлати Ҳинд бояд дар муқобили ҳиндуҳои ифротӣ ва аҳзоби тарафдори онҳо биистад ва бо таваққуфи куштори мусалмонон, аз инзивои худ дар ҷаҳони Ислом ҷилавгирӣ кунад.
Ба думболи идомаи хушунатҳо ва даргириҳои як ҳафтаӣ, ахиран ба хотири эътироз ба қонуни ҷадиди шаҳрвандии Ҳинд,46 нафар аз мусалмонони ин кишвар дар манотиқи мухталиф кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳиндуҳои ифротӣ бо ҳамла ба мусалмонон, масоҷидро дар шимоли шарқи Деҳлии Нав тахриб карданд ва маҳаллоти мусалмоннишинро бо бомбаҳои бензинӣ ҳадаф қарор доданд.
Лоиҳаи эътои шаҳрвандӣ зидди мусалмонон, ки акнун ба қонун табдил шудааст, ба муҳоҷироне, ки маҷбӯр ба фирор аз кишварҳои ҳамсоя (Бангладеш, Покистон ва Афғонистон) ба Ҳинд мешаванд, тобеият ва ҳаққи шаҳрвандӣ медиҳад, аммо шомили мусалмонон намешавад.