Март 14, 2020 15:08 Asia/Dushanbe
  •  Таҳримҳои Америка монеъи  муборизаи  мардуми Эрон бо коронавирус аст

Намояндаи доимии Эрон дар Созмони милал таҳримҳои якҷонбаи Америка алайҳи Эронро монеъи талошҳои Теҳрон барои мубориза бо вируси корона донист ва таъкид кард, ҳалли буҳронҳои байналамилалӣ ба талошҳои воқеии байналмиллалӣ ниёз доранд.

Бино ба гузориши Твиттер " Маҷид Тахт Равончӣ " гуфт: мардум ва давлати Эрон барои мубориза бо вируси  коруоноа  сахт талош мекунанд аммо таҳримҳои Америка монеъ талошҳояшон аст.

  "Маҷид Тахт Равончӣ" аз Америка хост аз сиёсӣ кардани талошҳои инсондӯстона  даст бардорад ва таҳримҳоро бартараф кунад.

  "Муҳаммад Ҷавод Зариф" вазири хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ рӯзи панҷшанбе дар номае ба "Антонио Гутерришн дабири кулли Созмони  милали  муттаҳид, ки рӯнавишти  он барои руасои созмонҳои байналмилалӣ ва вузарои хориҷаи ҳамаи кишварҳо ирсол шуд, бар зарурати рафъи таҳримҳои якҷонбаи Америка алайҳи  Эрон барои муқобила бо коронавирус  таъкид карда буд.

 Ҷавод Зариф дар ин нома таъкид кард, алорағми тавонмандии  илмӣ ва тааҳҳуди низоми саломатии  Эрон барои мубориза бо шуйӯъи  вирус корона, таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида бар тиҷорати  қонунӣ ва пешшартҳои охири  мақомоти  Вашингтон барои мамониат аз фурӯши дору , таҷҳизот пизишкӣ ва колоҳои башардӯстона, талошҳо барои мубориза бо шуйӯъи вируси  корона дар Эронро бо мавонеъи ҷиддӣ мувоҷиҳ кардааст.

  Вазир хориҷаи  Эрон пештар низ ташдиди  таҳримҳо ва терроризми иқтисоди Америка алайҳ Эрон ва таъсироти он бар марги шаҳрвандони  эронии мубтало ба вируси короноро маҳкум карда буд.

Таҳримҳои якҷонба ва золимонаи  Вашингтон, ки шомили ақломи асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ  мешавад боиси эҷоди  мушкилоти фаровони барои мардуми  Эрон ба вижа беморон шудааст.