Беҳбуди беш аз 4 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sat, 14 Mar 2020 13:42:16 GMT )
Март 14, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди беш аз 4 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 4 ҳазору 339 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои беш аз 12 ҳазор нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт, мутаассифона то кунун 611 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии ашхоси дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон ва дармони ашхоси мубтало ба коронавирус бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Коронавирус илова бар Чин, ба беш аз 140 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор то кунун ҳудуди 146 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 75 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва камаш 5 ҳазору 400 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп