Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
(last modified 2020-03-18T05:01:49+00:00 )
Март 18, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти  теъдоде аз маҳкумон

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо дархости раиси қувваи қазоияи Эрон бар афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Сайид Иброҳими Раиси, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносиибати фаро расидани иди бостонии наврӯз, идҳои моҳи раҷаб ва бавижа мабъаси паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (с), дар барномае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шароит ва завобити афв ё тахфифи муҷозоти маҳкумонро, ки маҳкумияти онҳо то 18 март қатъият ёфта бошад, батафсил ироа ва дархости тасвиби онро матраҳ карда буд.

Ҳазрати Оятулоҳ Хоманаӣ бо ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 Қонуни асосии Эрон мувофиқат карданд.

 

Барчасп