Тағйири соати расмии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51945-Тағйири_соати_расмии_Эрон
Соати расмии Эрон фардо, ҷумъа як соат ба пеш кашида мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 19, 2020 20:44 Asia/Dushanbe
  • Тағйири соати расмии Эрон

Соати расмии Эрон фардо, ҷумъа як соат ба пеш кашида мешавад.

Бар асоси қонуни Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, соати расмии кишвар соати 24 аввали фарвардини 1399 ҳиҷрии шамсӣ ( 20 марти 2020) як соат ба пеш кашида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи корҳои идорӣ ва расмии Эрон, аз ҷумла соати ҳаракати ҳавопаймо ва қаторҳо бар асоси соати ҷадид анҷом хоҳад шуд. 

Ин қонун бо ҳадафи истифодаи бештар аз рушании рӯз ва коҳиши масрафи энергия дар фаслҳои баҳор ва тобистон дар Эрон эъмол мешавад.

Соати расмии Эрон дар 30- юми шаҳривар (21-уми сентиябри 2020) ба ҳолати собиқ баргардонида мешавад.