Кӯмакрасонӣ ба мардуми селзадаи деҳаи Биркачупон дар ҷануби Эрон+akc
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52010
Борандагии шадид дар шаҳристонҳои ҷануби вилояти Бушеҳр ва дар пайи он вуқуи селоб сабаби хасоратҳои зиёде ба манзилҳо ва роҳҳо дар деҳаи Биркачупони вилояти Бушеҳр шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 24, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакрасонӣ ба мардуми селзадаи деҳаи Биркачупон дар ҷануби Эрон+akc

Борандагии шадид дар шаҳристонҳои ҷануби вилояти Бушеҳр ва дар пайи он вуқуи селоб сабаби хасоратҳои зиёде ба манзилҳо ва роҳҳо дар деҳаи Биркачупони вилояти Бушеҳр шудааст.

Ба гузориши ПорсТудэй, деҳаи Биркачупон  дар шаҳристони Кангони вилояти Бушеҳр дар ҷануби Эрон бештарин хасоратро аз селоби рӯзи душанбе дидааст ва  мардум, нерӯҳои ҷиҳодӣ ва нерӯҳои ёрирасон дар ҳоли кӯмакрасонӣ ба сокинони ин деҳаи соҳилӣ ҳастанд.

Борони шадид дар рӯзҳои ахир дар бархе вилоятҳои ҷануби Эрон сабаби вуқуи сел шуда ва дар натиҷа хасорате ба манзилҳо, роҳҳо ва зерсохтҳои ин манотиқ ворид шудааст.  

Ба дастури фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамаи имконоти ин нерӯ барои кӯмак ба мардуми манотиқи селзада дар ҷануби Эрон басиҷ шудааст.