Доруи дармони корона тавассути донишманди эронӣ сохта шуд
(last modified Sun, 29 Mar 2020 03:15:30 GMT )
Март 29, 2020 08:15 Asia/Dushanbe
  • Доруи дармони корона тавассути донишманди эронӣ сохта шуд

Донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис аз сохти доруи дармони вируси корона дар Эрон хабар дод.

  Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт:Доруи дармони вируси корона бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдин сохта шудааст; ба тавре, ки бисёре аз пизишкон аз шеваи бозхурди ин дору бар рӯйи бисёре аз беморон эъломи ризоят карданд.Ин донишманди эронӣ афзуд: Доруи дармони вируси корона бар рӯйи бемороне, ки дар марҳилаи аввали гирифторӣ ба ин беморӣ қарор доранд, дар се марҳила нисбат ба дармони комили онҳо мусбат арзёбӣ шудааст.

Сулаймонӣ таъкид кард: Ин дору дар фосилаи замонии 3 то 6 рӯз дар қолаби се марҳила метавонад беморони мубтало ба вируси коронаро дармон кунад.

Вируси корона, ки номи расмии он COVID-19 аст, охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Ухани Чин шиносоӣ шуд.Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 199 кишвари дигар аз ҷумла Эрон сироят кардааст.То кунун беш аз 621 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба бемории COVID-19, вобаста ба вируси корона мубтало шудаанд ва беш аз 28 ҳазору 700 нафар ҷон бохтаанд.