Беҳбудии ҳудуди 20 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sat, 04 Apr 2020 11:54:18 GMT )
Апрел 04, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 20 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 19 ҳазору 736 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Киёнуши Ҷаҳонпур-сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 55 ҳазору 743 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт: Бо ҷон бохтани 158 бемори мубтало ба коронавирус дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон дар Эрон ба се ҳазору 452 тан расид.

Ҳамакунун тақрибан тамомии кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо коронавирус ҳастанд ва омори мубталоён ба ин вирус ба беш аз як миллион нафар дар саросари дунё афзоиш ёфтааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 59 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва камаш 234 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

 

Барчасп