Беш аз 27 ҳазор мубтало ба круно дар Эрон беҳбуд ёфтанд
(last modified Tue, 07 Apr 2020 12:36:37 GMT )
Апрел 07, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 27 ҳазор мубтало ба круно дар Эрон беҳбуд ёфтанд

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, раванди беҳбудёфтагони бемории круно дар ин кишвар суръати болои гирифта ва то кунун 27 ҳазору 39 нафар аз касоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрони рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси круно дар ин кишвари тасреҳ кард, дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 2 ҳазору 89 бемори ҷадид мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар ин кишвар ба 62 ҳазору 589 нафар расид.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 133 нафар дар 24 соат гузашта гуфт, то кунун фавти ношӣ аз вируси круно дар Эрон ба 3 ҳазору 872 нафар расидааст. Ҳамакнун тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси круно ҳастанд ва омори мубталоён ба ин вирус ба беш аз як миллиону 356 ҳазор нафар дар саросари дунё афзоиш ёфтааст, ки аз ин теъдод дастиками 75 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 290 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп