Дастёбии Эрон ба марҳалаи мудирияти бемории корона
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52473
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ ба марҳалаи мудирияти бемории корона расидааст, гуфт, дар рӯзҳои оянда дар бархе устонҳои кишвар ба марҳалаи контроли корона ҳам хоҳем расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 07, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Эрон ба марҳалаи мудирияти бемории корона

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ ба марҳалаи мудирияти бемории корона расидааст, гуфт, дар рӯзҳои оянда дар бархе устонҳои кишвар ба марҳалаи контроли корона ҳам хоҳем расид.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз дар нишасти алании Маҷлиси Шӯрои Исломии ин кишвар гуфт, касе бовар намекард, Эрон дар шароити сахти таҳрим битавонад бемории коронаро мудирият кунад.

Намакӣ бо ишора ба ин ки ҳамакнун 71 миллион нафар аз мардуми Эрон ғирболгирӣ шудаанд, тасреҳ кард, агар омори корона дар Эрон рӯ ба афзоиш аст, ба ин иллат аст, ки бо иҷрои тарҳи ғирболгирӣ раванди беморёбӣ дар миёни эрониён фаъол шудааст. Вазири беҳдошти Эрон бо баёни ин ки ҳатто як бемори мубтало ба корона дар Эрон пушти дари бемористон намондааст, афзуд, ҳамакнун дар бемористонҳои устонҳои мухталифи Эрон 30 то 50 дарсади тахтҳо холиянд.

Бар асоси охирин омор, то кунун аз маҷмӯи 62 ҳазору 589 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 27 ҳазору 39 нафари онҳо беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва се ҳазору 872 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.