Тавсияи Раҳбари инқилоб ба донишомӯзони лубнонӣ: Худро барои эҷоди дунёе бархӯрдор аз инсоният ва ахлоқ омода кунед
(last modified Sat, 11 Apr 2020 04:52:23 GMT )
Апрел 11, 2020 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Раҳбари инқилоб ба донишомӯзони лубнонӣ: Худро барои эҷоди дунёе бархӯрдор аз инсоният ва ахлоқ омода кунед

Дар паи баргузороии мусобиқае таҳти унвони "Номае ба Раҳбарӣ" дар мадрасаҳои "Алмаҳӣ"-и Лубнон, маҷмӯае аз номаҳои донишомӯзони лубнонӣ ба маҳзари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тақдим шуд ва Раҳбарӣ ба ин номаҳо посух доданд.

Ба гузориши шомгоҳи ҷумъаи бахши "Навҷавонон ва Раҳбари инқилоб"-и Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, эшон дар посух ба номаҳои донишомӯзони мадориси "Алмаҳдӣ"-и Лубнон, зимни ташаккур аз эҳсосоти поки онон, донишомӯзони лубнониро ба касби донишу имон ва парҳезкорӣ тавсия фармуданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин донишомӯзони лубнониро ба омодагӣ барои ояндаи беҳтар ва кӯшиш барои эҷоди дунёе бархӯрдор аз амнияту инсоният ва ахлоқ фаро хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома саодати донишомӯзони лубнониро аз худованд масъалат карданд.

Мадориси "Алмаҳдӣ" бо 17 шӯъба ва беш аз 20 000 донишомӯз, яке аз маҷмӯаҳои омӯзишӣ ва тарбиятии вобаста ба ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст, ки аз соли 1993 дар ростои таълим ва тарбияти наслҳои мӯъмин ва огоҳ фаъолият мекунад.

 

 

Барчасп