Беҳбудии ҳудуди 50 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Wed, 15 Apr 2020 10:56:55 GMT )
Апрел 15, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 50 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 49 ҳазору 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, бо ишора ба идомаи раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар гуфт: дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, як ҳазору 512 бемори ҷадиди мубтало ба ковид - 19 шиносоӣ шудаанд, ки дар маҷмуъ теъдоди афроди мубтало ба ин вирус дар кишвар ба 76 ҳазору 389 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 94 бемори дигар дар 24 соати гузашта афзуд, дар маҷмуъ аз замони шуюъи вируси корона дар Эрон то кунун 4 ҳазору 777 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Мардуми Эрон низ дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарӣ кумаки муъминона барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва ақшори осебдида аз бемории корона ва афроде, ки машоғили худро бар асари шуюъи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.

Дар ин тарҳ, ки бо меҳварияти Созмони басиҷи мустазъафини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ оғоз шудааст, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе ба беш аз 2 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 127 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 490 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 

Барчасп