Апрел 19, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми рӯзаи моҳи Рамазон ҳангоми густариши коронавирус аз назари оятуллоҳ Хоманаӣ

Рӯзаи моҳи Рамазон ҳангоми шуюи коронавирус аз назари оятуллоҳ Хоманаӣ чи ҳукме дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба саволе  бар ин асос, ки «дар шароити кунунӣ, ки коронавирус шуюъ пайдо кардааст, рӯза гирифтан дар моҳи Рамазон чи ҳукме дорад?» фармудаанд: Тарки рӯзаи моҳи мубораки Рамазон дуруст нест; магар он ки фард, гумони ақлонӣ пайдо кунад, ки рӯза гирифтан муҷиби эҷоди беморӣ ва ё ташдиди беморӣ ва ё афзоиши тӯли беморӣ ва таъхир дар саломатӣ мешавад.   

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, муаззаму лаҳ дар посух ба саволе бар  ин асос, ки «дар шароити кунунӣ, ки бемории коронавирус шуюъ пайдо кардааст, рӯза гирифтан дар моҳи Рамазон чи ҳукме дорад?» фармуданд: Рӯза ба унвони як таклифи илоҳӣ дар ҳақиқат неъмати хосси Худованд бар бандагон аст ва аз пояҳои такомул ва эътилои рӯҳии инсон ба шумор меравад  ва бар умматҳои пешин низ воҷиб будааст.   

Аз осори рӯза падид омадани ҳолати маънавӣ ва сафои ботин, тақвои фардӣ ва иҷтимоӣ, тақвияти ирода ва рӯҳияи муқовимат дар баробари сахтиҳо аст ва нақши он дар саломати ҷисми инсон низ равшан аст ва Худованд аҷри азиме барои рӯзадорон қарор додааст. Рӯза аз заруриёти дин ва аркони шариати ислом аст ва тарки рӯзаи моҳи мубораки Рамазон ҷоиз нест магар он ки фард, гумони ақлонӣ пайдо кунад, ки рӯза гирифтан муҷиби эҷоди беморӣ ва ё ташдиди беморӣ ва ё афзоиши тӯли беморӣ ва таъхир дар саломатӣ мешавад.   

Дар ин маворид рӯза соқит вале қазои он лозим аст.   

Бадеҳӣ аст дар сурате, ки ин итминон аз гуфтаи пизишки мутахассис ва мутадайин низ ба даст ояд, кифоят мекунад. Бино барин агар фарде нисбат ба умури ёдшуда хавф ва нигаронӣ дошта ва ин хавф сарчашмаи ақлонӣ дошта бошад, рӯза соқит вале қазои он лозим аст.