Руҳонӣ: Дар Эрон беморон пушти дари бемористонҳо мунтазир наменишинанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53031-Руҳонӣ_Дар_Эрон_беморон_пушти_дари_бемористонҳо_мунтазир_наменишинанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар Эрон ҳеҷ беморе барои бистарӣ шудан пушти дари бемористон мунтазир наменишинад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 25, 2020 15:33 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Дар Эрон беморон пушти дари бемористонҳо мунтазир наменишинанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар Эрон ҳеҷ беморе барои бистарӣ шудан пушти дари бемористон мунтазир наменишинад.

Ҳасани Руҳонӣ асри шанбе дар нишаст бо фаолони бахши хусусии иқтисоди Эрон гуфт: Ҳамаи давлатҳо дар озмоиши бузурги чигунагии мудирияти ҳамзамони саломат ва иқтисод қарор гирифтаанд.

Руҳонӣ афзуд: Дар бисёре аз ҷоҳои дунё фақат як мушкили корона вуҷуд дорад, аммо мо як мушкил изофатар монанди таҳрим дорем.

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: Бо вуҷуди таҳримҳои золимона, ки мушкилоте бештар аз дигар кишварҳо барои мардуми Эрон дар мубориза бо корона ба вуҷуд овардааст, аммо дар Эрон то поёни сол ҳашт ҳазор тахти бемористонӣ ба зарфияти феълии кишвар афзуда мешавад ва таҷҳизоти дармонӣ ва мизони бархурдории низоми саломати Эрон аз тахтҳои муроқибати вижа ба гунае аст, ки бемор дар интизор намемонад.

Руҳонӣ гуфт: Бисёре шуғлҳо бар асоси иҷтимоъ будааст ва иддае бояд дар як маҷмӯаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ё тафреҳӣ  ҷамъ шаванд, ки мабнои он ҷамъ шудан аст, аммо ин вирус баракс ба мо таъкид мекунад, ки набояд ҷамъ шавед ва дар канори ҳам қарор бигиред.

Вай идома дод: Хеле муҳим аст, ки дар тули ду моҳ аз шароити ниёзмандӣ ба бархе маҳсулоти пизишкӣ, ба вазъияте расидаем, ки метавонем бархе аз колоҳои пизишкиро содир кунем.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки вируси корона сабки зиндагиро тағйир додааст, гуфт: Ҳамаи муносиботи иҷтимоӣ ва барномаҳои зиндагӣ бар асоси ҷамъ шудан аст, аммо корона баракси онро яъне фосила гирифтан аз якдигарро ба вуҷуд овардааст.