Рӯҳонӣ: Эрон дар назорат ва муқобила бо коронавирус сарафроз ва обрӯманд аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Бо талоши фидокоронаи кадри пизишкӣ ва дармонӣ ва ҳамроҳии мардуми Эрон, Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқоиса бо соири кишварҳо, дар иқдомоти худ барои назорат ва муқобила бо коронавирус сарафроз ва обрӯманд аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, имрӯз (якшанбе) дар нишасти ситоди миллии муқобила бо коронавирус, ки бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб ва устондорони 31 устон баргузор шуд, афзуд:
Дар давраи мубориза бо коронавирус нагузоштем дар Эрон бар хилофи бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, авлавияти нон ё ҷон ба роҳ бияфтад ва хеле ҳисобшуда ҳам ҳифзи саломати мардум ва ҳам таваҷҷӯҳи вижа ба нон ва иқтисоди мардум, дар авлавият қарор гирифт.
Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Бо вуҷуди фишори таҳримҳо, кори бузурге анҷом гирифт ва ҳама омор ва арқом, аз ҷумла омори мубталоён, беҳбудёфтагон ва фавтидаҳо, қобили қабул аст ва акнун метавонем бисёре аз таҷҳизот ва малзумоти беҳдоштӣ ва дармониро содир кунем.