Май 11, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • 
Зариф: Донишманди эронӣ, ки дар ҳукумати ИМА ҳабс шудааст, ба зудӣ бармегардад

Вазири умури хориҷаи Эрон аз бозгашти «Сирус Аскарӣ» ба кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Вазири умури хориҷа Эрон аз бозгашти «Сирус Аскарӣ» ба кишвар дар ояндаи наздик хабар дод. 
Ба гузориши радиои  Садои Хуросон,«Муҳаммад Ҷавод Зариф» вазири умури хориҷаи Эрон асри имрӯз (душанбе) пас аз ҷаласаи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси шӯрои исломи Эрон дар ҷамъи хабарнигорон тасреҳ кард: «Сирус Аскарӣ» донишманди эронӣ дар банди давлати Америка аз ҳар гуна иттиҳом табраа шуда ва агар тести коронои вай манфӣ бошад, метавонад бо аввалин парвоз ба Эрон бозгардад. 
  «Сирус Аскарӣ» донишманди 59 солаи эронӣ, ноябр 2019 аз иттиҳоми сирқати асрори тиҷории муртабит бо фаъолиятҳои донишгоҳӣ дар Донишгоҳи Огайо  табраа шуда буд, аммо идораи муҳоҷират ва гумруки Америка, ба ӯ иҷозаи бозгашт ба Эронро надод.