Баргузории эҳёи шаби Қадр дар саросари Эрон бо риояти масоили беҳдоштӣ
(last modified Sun, 17 May 2020 04:16:34 GMT )
Май 17, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории эҳёи шаби Қадр дар саросари Эрон бо риояти масоили беҳдоштӣ

Ойини эҳёи шаби‎ пурфазилати Қадр дар саросари Эрони исломӣ бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз шуйюи коронавирус баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бисёре аз эрониён шанбешаб дар шаби бисту севвуми моҳи мубораки Рамазон дар масҷидҳо, имомзодаҳо ва дигар макон‎ҳои мазҳабии саросари Эрон, гирди ҳам омаданд ва шабро бо қироати Қуръон ва дуо ба даргоҳи Худованд саҳар карданд.

Ширкаткунандагон дар маросими шаби Қадр бо ҳифзи тавсияҳои беҳдоштӣ аз ҷумла фосилагирӣ аз якдигар ва пушидани ниқоби тиббӣ  дар маросими шаби Қадр ҳузур ёфтанд.

Имсол бисёре аз мардум низ дар хонаҳои худ маросими шаби Қадрро ба ҷо оварданд.

Шаби бисту севвуми моҳи мубораки Рамазон севвумин шаб аз шабҳое аст, ки умед меравад шаби Қадр бошад.

Шаби Қадр, шабе аст, ки дар ҳамаи сол шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири соли инсон рақам мехурад.